Зиндагиномаи марҷаи олиқадр - Ҳазрати Оятуллоҳул-узмо Сиистонӣ
Вилодат
Ҳазрати Оятуллоҳул-узмо Сиистонӣ дар рузи 9-рабъулаввал дар соли 1349-и ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Машҳади муқаддас таваллуд ёфт ва падараш ба майманати номи бобояш ўро Алӣ ном ниҳод.
Номи падари гиромиаш марҳум Сайид Муҳаммад Боқир ва номи ҷадди он кас, ки аз бузургони илм ва зуҳд будааст, Сайидалӣ мебошад, ки зиндагиномаи он касро марҳум Шайх Оқобузурги Теҳронӣ дар «Табақоти аъломи шиа» (қисмати чаҳорум саҳифаи 1432) зикр намудааст, ки гуфта шудааст, он кас дар Наҷаф аз шогирдони Мавло Алии Наҳовандӣ ва дар Сомирро аз шогирдони Муҷаддади Шерозӣ сипас аз шогирдони хосси марҳум Саид гардид ва дар ҳудуди соли 1308 ҳиҷрӣ ба шаҳри муқаддаси Машҳад бозгашт ва дар он ҷо мустақар гашт. Ва аз муҳимтарин шогирдонаш фақиди бузургвор Шайх Муҳаммад Ризо Оли Ёсин (қуддиса сирруҳ) мебошад.
Хонадони он кас, ки аз саидони Ҳусейнӣ мебошанд дар асри Сафавӣ дар Исфаҳон зиндагӣ мекарданд, ки аз тарафи Султон Ҳусейни Сафавӣ ҷадди аълои он кас Саид Муҳаммадро ба мансаби Шайхул-ислом дар Сиистон мансуб намуд ва он кас ба он ҷо фиристода шуда ва бо хонаводаашон дар он ҷо зиндагӣ кардаанд.
Аз наводаҳои он кас Саидалӣ ҷадди муаззамун лаҳ аввалин шахсе буд, ки ба шаҳри муқаддаси Машҳад муҳоҷират намуд ва дар мадрасаи марҳум Муҳаммад Боқири Сабзаворӣ мунтақил гардид ва аз он ҷо барои ташкили дарси худ ба Наҷафи Ашраф муҳоҷират намудааст.
Муаззамун лаҳ дар панҷ солагӣ ба таълими Қуръони Карим пардохт сипас вориди мадрасаи Доруттаълими динӣ ба манзури омухтан, хондан ва навиштан ва ғайра шуд, ки дар ин муддат хушнависиро аз устоди фан Мирзо Алӣ Оқозолим омўхт.
Дар соли 1360 ҳиҷрӣ бо амри падари бузургвораш шурўъ ба омухтани муқаддамоти улуми ҳавзавӣ намуд, ки маҷмуае аз дарсҳои адабӣ ҳамчун «Шарҳи алфия»-и Ибни Молик, «Муғнӣ»-и Ибни Ҳишом ва «Мутаввал»-и Тафтозонӣ ва "Мақомот"-и Ҳурайрӣ ва «Шарҳун-низом»-ро назди марҳум Адиби Нишопурӣ ва баъзе дигар аз устодони фан пардохт. Ва шарҳи Лума ва Қавонинро назди марҳум Саид Аҳмад Яздӣ, маъруф ба Наҳанг хонд ва қисмате аз дуруси сутуҳ мисли Макосиб ва Расоил ва Кифояро назди олими ҷалил шайх Ҳошими Қазвинӣ хонд.
Ва теъдоде аз кутуби фалсафӣ ҳамчун шарҳи «Манзума»-и Сабзаворӣ ва «Шарҳул-ишроқ» ва «Асфор»-ро назди марҳум Оисӣ хонд ва «Шавориқул-илҳом»-ро назди марҳум шайх Муҷтабо Қазвинӣ омухт ва аз маҳзари алломаи муҳақиқ Мирзо Маҳдии Исфаҳонӣ мутаваффои 1365 ҳиҷрӣ баҳраҳои фаровон бурд, ҳамчунин аз маҳзари Мирзо Маҳдии Оштиёнӣ ва Мирзо Ҳошими Қазвинӣ баҳраҳо бурдааст.
Пас аз фарогирии улуми ибтидоӣ муқаддамот ва сатҳ назди бархе аз асотид ва мударрисон ба фарогирии улуми ақлия ва маорифи илоҳия пардохт. Сипас дар соли 1368 ҳиҷрӣ ба шаҳри муқаддаси Қум муҳочират намуда ва аз маҳзари марҷаи бузург Оятуллоҳ Буруҷардӣ (қуддиса сирруҳ) дар фиқф ва усул баҳраҳои фаровон бурд ва аз дониш ва маърифати фиқҳии ў ба вижа дар илми риҷол ва ҳадис истифодаҳои бисёре намуд.
Вай ҳамчунин дар дуруси фақиҳ ва олими фозил Сайидҳуҷҷати Куҳкамарӣ (қуддиса сирруҳ) ва теъдоде аз уламои маъруфи он давра ширкат намуд.
Муаззамун лаҳ дар муддати иқомат дар Қум бо мукотиботе, ки марҳум Саидалӣ Беҳбаҳонӣ (яке аз уламои барҷастаи Аҳвоз ва аз тобеини мадрасаи муҳақиқ шайх Ҳодии Теҳронӣ, ки мавзўи мавриди мукотибаи баъзе аз масоили қибла буда ба тавре, ки муаззамун лаҳ дар ин масоил муноқишоти муфассале бо марҳум Беҳбаҳонӣ дар бораи орои марҳум муҳақиқи Теҳронӣ дошта ва марҳум Беҳбаҳонӣ аз орои устоди худ дифоъ мекард, пас аз муддате мукотиба марҳум Беҳбаҳонӣ номаи ташаккур барои муаззамун лаҳ фиристод ва аз эшон тамҷид ва тақдири комиле намуд. Ва қарор бар он шуд, ки бақияи баҳс мавқеи ташрифи он кас ба Машҳад анҷом гардад.
Дар соли 1371 ҳиҷрӣ муаззамун лаҳ аз Қум ба Наҷафи ашраф муҳоҷират намуд, ки дар рўзи арбаини Ҳусейнӣ вориди Карбало гардид сипас ба Наҷаф сафар намуд ва дар мадрасаи Бухороӣ ворид шуда ва мустақар гардиданд, ки дар маҳзари асотиди бузурге ҳамчун Оятуллоҳ Хуӣ ва шайх Ҳусейни Ҳиллӣ (қуддиса сирруҳумо) дар фиқҳ ва усул ба муддати тўлонӣ хозир гардид ва ҳамчунин дар ин муддат ҳам дар дуруси бузургоне ҳамчун Оятуллоҳ Ҳаким ва Оятуллоҳ Шоҳрудӣ (қуддиса сирруҳумо) ҳозир гардид. Дар соли 1380 ҳиҷрӣ муаззамун лаҳ тасмими баргашт ба ватани худ Машҳад гирифт ва чун тасаввур менамуд, ки дар онҷо мустақар хоҳад шуд, аз инрў устодонаш Оятуллоҳ Хуӣ ва шайх Ҳусейни Ҳиллӣ (қуддиса сирруҳумо) шаҳодати расидан ба дараҷаи иҷтиҳодро барои ў мактуб намуданд.
Ҳамчунин ки муҳаддиси бузург Оқо Бузурги Теҳронӣ шаҳодати дигаре дар табаҳҳури он кас ба илми риҷол ва ҳадис мактуб намуд.
Муаззамун лаҳ дар соли 1381 ҳиҷрӣ бори дигар ба Наҷаф бозгашт ва бо вурудашон шурўъ ба дарси хориҷ дар фиқҳ дар боби Макосиби Шайх Ансорӣ ва баъд аз он «Шарҳи урва» дар боби таҳорат ва бештар китоби Намозро тадрис намуданд.
Ва дар соли 1418 ҳиҷрӣ баъд аз онки китоби Рўзаро ба поён расонда буд, шурўъ ба шарҳи котоби Эътикоф намуд.
Ҳамчунин дар ин муддат дар мавзуоти мухталифе ҳамчун китоби Ҳуқуқ ва баҳси Рибо ва Қоидатул-илзом ва Қоидаи Тақия, баҳсҳои фиқҳӣ доштаанд. Ҳамчунин дар ин муддат баҳсҳое дар илми Риҷол, ки шомили ҳуҷҷияти маросили Ибни Абиумайр ва шарҳи Машихатут-таҳзибин ва ғайра низ диштаанд.
Ҳамчунин муаззамун лаҳ баҳсҳое дар илми усулро дар шаъбони 1384 ҳиҷрӣ шурўъ намуда ва давраи севвуми тадрисро дар шаъбони 1411 ҳиҷрӣ ба поён расонд ва тамоми дарсҳои он кас дар баҳсҳои фиқҳ ва усул аз соли 1397 ҳиҷрӣ то ба ҳол ба сурати кассетаҳои савтӣ (аудиокассета) мавҷуд мебошад. Ва дар ин рўзҳо (шаъбони 1423 ҳиҷрӣ) машғул ба тадриси китоби закот аз шарҳи Урватулвусқо мебошанд.
Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ(дома зиллуҳ) ҳамвора дар баҳсҳои аситиди худ истеъдод ва ҳуши фавқулоддае нишон медоданд ва барҷастатар аз ҳамаи ҳамшогирдонаш буд вай дар ишколгирӣ ва ҳузури зеҳн ва зиёдии таҳқиқ ва татабуъ дар масоили фиқҳӣ ва риҷол ва тадовуми фаъолияти илмӣ ва ошноӣ бо бисёре аз назарияҳо дар майдонҳои гуногун илмӣ, маҳорати истисноӣ нишон доданд.
Шоёни зикр аст, ки миёни ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) ва Шаҳид Садр (қуддиса сирруҳ) дар ҳавза набуғи илмӣ ва рақобати шадид буд. Ба ин амр метавон аз гувоҳии иҷтиҳоди ду тан аз асотиди вай яъне Оятуллоҳ-ул-узмо Саид Абулқосим Хуӣ (ризвонуллоҳ таъоло алайҳ) ва аллома Ҳусейни Ҳиллӣ (қуддиса сирруҳ) нигоштаанд, пай бурд. Ва маъруф аст, ки Оятуллоҳ Хуӣ (қуддиса сирруҳ) ба ҳеҷ як аз шогирдони худ, ба ҷуз ҳазрати Оятуллоҳи узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) ва Оятуллоҳ шайх Алии Фалсафӣ, (ки аз уламои маъруфи Машҳад мебошад) гувоҳии хаттӣ надодаанд. Ва низ шайхи муҳаддисони асри худ, аллома Оқо Бузурги Теҳронӣ (қуддиса сирруҳ) барои ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) дар соли 1380 ҳиҷрии қамарӣ гувоҳнома навиштааст ва дар он аз маҳорати ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) ва дирояти вай дар илми риҷол ва ҳадис тамҷид шудааст. Яъне ҳангоме ки ханўз ҳазрати Оятуллоҳул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) ба синни 31 солагӣ нарасида буданд, соҳиби ин мартабаи воло гардидаанд.
Тахминан 34 сол пеш ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) шурўъ ба тадриси баҳси хориҷи фиқҳу усул ва риҷол карданд. Ва низ баҳсҳое перомуни макосиб, Таҳорат, Намоз, Қазо, Хумс ва бархе аз қавоиди фиқҳӣ монанди Рибо, Тақия ва Илзом ба анҷом расонданд. Вай тадриси усулро дар се давра тамом кард, ки баъзе аз баҳсҳои ин давра, мисли баҳсҳои усули илмӣ ва таодул ва тароҷиҳ ва ҳамчунин баъзе аз мабоҳиси фиқҳӣ ва бархе аз абвоби намоз ва қоидаи тақия ва илзом, омодаи чоп аст. Иддае аз фузалои маъруф низ, ки баъзе аз эшон мударриси баҳси хориҷ мебошад монанди аълома шайх Маҳдии Марворид, аллома Сайид Муртазо Меҳрӣ, Аллома Сайид Ҳабиб Ҳусейниён, Сайид Муртазо Исфаҳонӣ, Аллома Сайид Аҳмад Мададӣ, Аллома шайх Боқири Ирвонӣ ва теъдоде аз устодони ҳавзаҳои илмия, баҳси он касро ба муроҷиа ва баррасӣ гузоштанд. Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) ҳамзамон ба тадрис ва баҳси машғули таълиф ва нигоштани китобҳои муҳим ва чанд рисола шуданд. Ҳамчунин, Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) куллияи тақрирот баҳсҳои асотиди худро ба риштаи таълиф дароварданд.
Равиши ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ(дома зиллуҳ) аз дигар равишҳои устодони ҳавза ва арбоби баҳси хориҷ тафовут дорад. Барои мисол, равиши вай дар баҳси илми усул ба вижагиҳои зер маъруф аст:
1) Зикри таърихи баҳс ва шинохти усул ва пояҳои он, ки шояд як масалаи фалсафӣ монанди: Суҳулат ва осонӣ ва таркиботи он бошад, ё ақидатӣ-сиёсӣ, монанди: баҳси таъодул ва тароҷиҳ, ки ў дар он гуфтааст: Қазияи ихтилофи аҳодис натиҷаи муборизот ва кашмакашҳои фикрӣ ва ақоиди он замон ва низ шароити сиёсии замони Имомон (алайҳимуссалом) буд. Ва андак иттилое аз таърихи ин баҳс моро ба гўшаву канори он масала ва ҳақиқати афкор ва оро, ки дар ин бора матрах аст, мерасонад.
2) Пайванди миёни фикри ҳавзавӣ ва фарҳангҳои муосир, зимни баҳс аз маънои алфоз. Муаллифи китоби «Алкифоя» ақидаи худ дар бораи маонии алфозро бар асоси назарияи фалсафаи муосир, ки ба номи (назарияи такассури идрокӣ) дар фаъолияти зеҳни башарӣ ва халлоқияти он аст, сохтааст. Ба ин маъно, ки зеҳн мумкин аст як матлабро бо ду шакли мухталиф тасаввур кунад: ки якеро бо истиқлол ва диққат ва вузўҳ, ки ба ў «исм» гуфта мешавад. Ва дигар бо инқибоз ё гирифтагӣ, ки он «ҳарф» номида мешавад. Ва вақте ки вориди баҳси (муштақ) мешавад, он кас аз замон бо биниши фалсафии ҷадид, ки дар ғарб роиҷ аст ва ин ки бояд замонро аз макон ба лиҳози таоқуби нур ва зулмот ҷудо кард, сухан мегуяд. Ва зимни баҳс дар бораи (сиғаи амр) ва баҳс аз (таҷарӣ) назарияи бархе аз уламои ҷомеашиносиро матраҳ мекунад, ки бар ин ақидаанд, ки саволи ношӣ аз тадохули сифат дархосткунанда бояд аз ҳақиқати дархост ў тафкик шавад.
Милоки истеҳқоқи уқубат ва ҷазо ёғӣ шудан абд бар алайҳи мавлои худ аст ва ин ҳолат мабнӣ бар тақсимот ва табақабандии ҷомеаи қадими башарӣ аст, ки сарварон, ғуломон, бартар, бадтар ва ғайра доштааст. Дар воқеъ ин назария аз бақоёи фарҳангҳои дерин ки бо забони радабандӣ на забони қонунӣ, ки мабнӣ бар масолеҳи инсонии ҷомеа аст такаллум мегардад.
3) Аҳамият додан нисбат ба усуле, ки бо фиқҳ иртибот дорад, лизо як талаба метавонад ифрот (зиёдаравӣ) ва тафрити (камравӣ) уламоро дар баҳсҳои фиқҳӣ, ки ҳеҷ самараи илмӣ ё фоидаи фикрӣ надорад, мулоҳиза кунад, монанди баҳсҳое, ки дар бораи «вазъ» мекунанд ва ин ки оё «вазъ» як амри этиборӣ ё таквинӣ ё амре аст, ки мутааллиқ ба тааҳҳуд ё тахсис аст, ё баҳсҳое, ки дар баёни мавзўи «илм» ва бархе аз аворизи зотӣ дар таърифи мавзўи (илм) ва монанди он мекунанд. Аммо он чи ки дар дуруси ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) мушоҳида мешавад кўшиши фаровон ва базли ниҳоят, заҳмат барои ба даст овардани мабнои илмии маҳкам ва устувор дар баҳсҳои усулӣ дар робита бо равишҳои истинбот, назари мабоҳиси усули амалӣ, таодул ва тароҷиҳ ва ому хос мебошад.
4) Навъоварӣ
Бисёре аз устодони моҳири ҳавза, руҳ ё фанни навъоварӣ ва таҷдидро доро нестанд ва ҳамеша саъйи онҳо ба ин буда, ки таълиқе ё хошияе дар ин китоб ё он рисола бинигоранд, будуни ин ки ба ҷавҳари баҳс бипардозанд, лизо мебинем, ки ин намуна аз асотид фақат орои мавҷудро баҳс намуда ва аз байни онҳо якеро интихоб мекунанд ва худро бо ибороте монанди «фатааммал» ё «фафҳам» ё «дар ин ишкол ду ишкол вуҷуд дорад» ва «бояд дар ин ду ишкол тааммул ба харҷ дод» ва ғайра машғул мекунанд.
5) Никоҳи аҳли ширк ҷоиз аст:
Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) ин қоидаро, ки тазоҳум ном дорад ва фуқаҳо ва усулидонҳо онро ба унвони як қоидаи ақли ё уқалоии сирф, матраҳ мекунанд, зимни қоидаи изтирор, ки як қоидаи шаръӣ ва нусуси зиёде дар борааш зикр шуда, мисли (ҳар чизеро, ки Худованд ҳаром кардааст барои музтар ҳалол карда) медонанд. Пас, дар воқеъ қоидаи изтирор ҳамон қоидаи тазоҳум аст. Ва ё ин ки фақеҳон ва усулдонон коидаеро беҳуда тул медиҳанд, монанди он чи дар қоидаи «Ло туод» мушоҳида мекунем, ки фақеҳон онро ба далели вуҷуди насси махсуси намоз медонанд. Дар сурате, ки Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) ривояти «Ло туодиссалота илло мин хамсаҳ»-ро мисдоқи куброи дигаре, ки шомили намоз ва воҷиботи гуногун мебошад мешиносанд. Ин қубро дар охири матни ривоят мавҷуд аст, ки иборат аст аз «Вало тунқизус-суннатал-фаризаҳ» пас он чи, ки мусаллам аст дар намоз ва ғайра тарҷеҳи фариза бар суннат аст, монанди тарҷиҳи вақт ва қибла, зеро вақт ва қибла аз фароиз ҳастанд на суннат.
6) Дидгоҳи ичтимоӣ:
Баъзе аз фақеҳон мутунро тахтуллафзӣ тарҷума ва маъно мекунанд. Ба иборати дигар, худашонро муқайяд ба ҳуруфи матн месозанд, будуни ин ки фаротар аз он бираванд ва ба маонии васеи он матн бипардозанд. Баъзе дигар аз фақеҳон шароите, ки матн дар он гуфташудааст мавриди баҳс ва баррасӣ қарор медиҳанд то ба ҳаводисе, ки бар далолати он матн таъсири мустақим мегузоранд ошно шаванд. Ба таври мисол агар ба ҳадиси Пайгамбари гиромӣ, ки дар он хўрдани гўшти хари аҳлиро (дар чанги пйгамбар) ҳаром карданд бингарем мебинем, ки баъзе аз фақеҳон ба якояки ҳуруфи ин ҳадис амал мекунанд, ба ин маъно, ки гўшти хари ахлиро тибқи ин ҳадис, ҳаром медонанд дар сурате, ки агар ба шароити хосе, ки ин ҳадис дар он гуфта шудааст таваҷҷуҳи кофӣта бошем ба манзури асли ва ҳадафи асосӣ, ки Пайгамбари гиромӣ мехостанд инро дар ин ҳадис пиёда кунанд пай хоҳем бурд ва он ин аст, ки ҷанги бо яҳудони хайбар ниёзи зиёде ба силоҳ ва таҷҳизот дошт ва силоҳ ва таҷҳизот дар он замон, ба ғайр аз чаҳорпоён бо чизи дигар қобили ҳамлу нақл набуд. Пас ба ин натиҷа мерасем, ки мурод аз ин ҳадис наҳйи ҳукуматӣ будааст, яъне барои як маслиҳати хориҷи, ки шароити он рузҳо иқтизо мекард, чунин дастуре содир шудааст ва набояд ба унвони ташреъ ё ҳурмат (яъне ҳаром) ва кароҳат талаққӣ шавад.
7) Доштани илму дироят дар истинбот
Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ(дома зиллуҳ) бар ин ақида ҳастанд, ки як фақиҳ бояд аз забон ва дастури араб итилои комил дошта бошад ва бо насри ашъор ва маҷозҳои арабӣ ошно бошад, то битавонад мутунро дар тибқи мавзуъ на зот дарк ва табақабандӣ кунад. Ва низ бояд бар аҳодиси Аҳли Байт (алайҳимус-салом) ва ровиёни он иҳотаи комил дошта бошад зеро маърифати илми риҷол барои ҳар муҷтаҳид воҷиб ва зарурӣ аст. Ҳамчунин Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) орои мунҳасир ба фард доранд, ки бо он чи машҳур ва маъруф аст, тафовут дорад, яъне фарқ дорад. Масалан он кас дар масалаи адами эътимод ба тавҳини Ибни Қазоирӣ нисбат ба дигарон ё ба хотири тавҳини беш аз ҳад ва ё ба хотири набудани субут нисбати китоб ба у раъйи муғойре доранд ва он ин аст, ки китоби мазкур таҳқиқан ба ў бармегардад ва Қазоирӣ беш аз Наҷошӣ, Шайх ва ғайра мавриди эътимод мебошад. Он кас бар ин ақидаанд, ки барои таъйини шахсияти ровӣ ва таъйид кардани ў то ин ки битавон як ҳадисро ҳадиси муснад ё мурсал номид, бояд ба равиши табақот эътимод кард ва ин ҳамон ровиши марҳум Оятуллоҳ Буруҷардӣ (қуддиса сируҳ) буд.
Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) бовар доранд, ки фақиҳ бояд аз кутуби ҳадис ва ихтилофи нусхаҳо ба якдигар ва дарки мавқеият ва ҳолу аҳволи муаллиф аз лиҳози забт ва сиҳҳат ва низ равиши таълиф, ки ин муалиф ё он ровӣ ба кор бурда иттилои кофӣ дошта бошад. Масалан ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) ин амрро, ки Садуқ дар нақли ахбор ривоят ва аҳодис дақиқтар аз дигарон мебошад қабул надорад, балки Шайхро тибқи кутуби мавҷуд ва бар асоси қаринаҳо ноқиле амин ва қобили эътимод медонад. Ва ҳол он ки ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) ва шаҳид Садр дар ин бора кўшиш ва фаъолияти бисёре аз худ нишон доданд ва ҳамвора навъоварӣ ва таҷдидро пеша мегиранд. Ва вақте, ки Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) вориди баҳси «таъодул» ва «тароҷиҳ» мешаванд ба ин натиҷа мерасанд, ки рози ин баҳс дар иллати ихтилофи аҳодис нуҳуфтааст. Пас агар мо ба илали ихтилофи мутуни шаръӣ бипардозем он мушкили бузург ва ба зоҳир ҳал нашуданӣ ҳал хоҳад шуд. Ва хоҳем дид, ки аз ривоёти «тарҷеҳ» ва «тағйир», ки соҳиби «кифоя» онҳоро бар истеҳбоб ҳамл кардааст, бениёзем. Шаҳид Садр ҳамин баҳсро баррасӣ кардааст, лекин бар асоси ақли сирф ва на бар асоси зикри шавоҳиди таърихӣ ва ҳадисӣ ва ироаи қавоиди муҳим барои ҳалли ихтилоф.
8) Муқоисаи миёни мактабҳои гуногун:
Ҳама медонем, ки бештари асотид баҳсҳоро аз диди як мактаб ё ақида баррасӣ ё мутолиа мекунанд, вале ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) аз ин қабил нестанд. Вай масалан миёни ҳавзаи Машҳад, Қум ва Наҷафи ашраф муқоиса мекунад ва орои Мирзо Маҳдии Исфаҳонӣ (қуддиса сирру), ки яке аз уламои маъруфи Машҳад ба шумор меравад орои Оятуллоҳ Буруҷардӣ (қуддиса сирруҳ), ки самбули тафакури ҳавзаи илмияи Қум мебошад ва низ орои се муҳаққиқи маъруф, орои Оятуллоҳ Хуӣ (қуддиса сирруҳ) ва шайх Ҳусейни Ҳиллӣ (қуддиса сирруҳ) ба унвони намояндагони ҳавзаи илмияи Наҷафи ашрафро ҳама ба ҳам матраҳ мекунад. Дар ҳақиқат ин навъ равиш завоё ва гушаҳои баҳсро ба наҳви аҳсан ба мо нишон медиҳад. Ва аммо равиши фиқҳии он бузургвор дар воқеъ чанд вижагӣ дорад аз ҷумла:
1- Муқоиса миёни фиқҳи шиа ва фиқҳи дигар мазоҳиби исломӣ, зеро бидуни тардид огоҳ шудан аз тафаккури фиқҳи аҳли тасаннун дар асри ба вуҷуд омадани матн, мисли «Муваттаъ»-и Молик ва «Хараҷ»-и Абуюсуф ва мисоли онҳо ин имконро ба мо медиҳад, то аз мақосиди Аимма (алайҳимуссалом) ва назари эшон ҳангоми гуфтани ин ҳадис ё он сухан мутталеъ шавем.
2-Ба коргирии илми ҳуқуқи муосир дар баъзе мавриди фиқҳӣ, монанди мутолиаи қонуни давлати Ироқ, Миср ва Фаронса ҳангоми баррасии китоби байъ ва хиёрот чаро ки шинохтани услуби қонуни муосир ба инсон таҷрибаҳои зиёде мебахшад, ки битавонад дар таҳлили қавоиди фиқҳӣ ва тавсиа додан ба тарзи тафаккури ў ва муҷиботи татбиқи он ҳама нукоти муҳим, фаъол бошад.
З- Бештари уламои мо ҳеҷ тағйире руи қавоиди фиқҳӣ, ки аз уламои гузашта ба онҳо расида анҷом намедиҳанд, дар ҳоле ки мебинем Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) саъй бар ин дорад, ки ба баъзе аз қавоиди фиқҳӣ танаввўъ бахшад. Масалан дар бораи қоидаи «илзом», ки баъзе аз фуқаҳо онро ба унвони қоидаи «маслиҳат» мешиносанд, ки бар асоси он мусалмонҳо ҳақ доранд барои ба даст овардани манофеи шахсии худ гоҳе аз қавонини мазоҳиби дигари исломӣ валав ин ки ин қавонин бо мазҳаби аслии худи онҳо созгор нест, табаият мекунанд, дар сурате, ки ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) ин вазъро қабул надорад ва эҳтироми ҳар мазҳаб ва қавонини онро мазҳаб ва мазҳабҳои дигарро воҷибтар ва муқаддамтар медонанд, монанди қоидаи «Ликулли қавмин никоҳ» яъне «Ҳар миллат, никоҳ ва расми издивоҷи махсус ба худ дорад».
Хусусиёт ва вижагиҳои шахсияти Оятуллоҳил узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ)
Ҳар кас, ки аз наздик бо ҳазрати Оятуллоҳи узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) муошират ва рафту омад кунад, ба зудӣ ба шахсияти мумтоз ва руҳияи идеали ў пай мебарад, Ин шахсият ва руҳияе, ки Оятуллоҳи узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) доро ҳастанд вайро бо як улгуи барҷаста ва олими раббонӣ мубаддал кардааст. Боре ба баъзе аз фазоил ва макорими ахлоқи он бузургвор, ки банда аз наздик шоҳиди он будам мепардозем:
1) Инсоф ва эҳтиром ба назари дигарон
Чун он кас ошиқи илм ҳастанд ва иродати хоссе нисбат ба маърифат ва расидан ба ҳақоиқ доранд. Ҳамвора ба назари дигарон эҳтиром мегузоранд, ҳамеша китоб ба даст ҳастанд ва ҳаргиз хондан, баҳс ва огоҳ шудан аз назари дигар уламоро фаромўш накарданд. Лизо гоҳе вақтҳо он кас баҳсҳои бархе аз уламо, ки шояд ҳам ба он сурат маъруф набошанд мавриди мутолиа ва баррасӣ қарор медиҳад. Ва ин худаш нишонгари он аст, ки ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) таваҷҷуҳи хос ва эҳтироми фавқулоддае нисбат ба раъйи дигарон доранд.
2) Адаб ва назокат дар муҳовираҳо
Ҳамин тавр ки ҳама мединанд, ҷаласоти баҳс ва муҳовира, ки байни талабаҳо ё миёни як талаба ва устодаш, ба хусус дар ҳавзаи илмияи Наҷафи Ашрафи анҷом мегирад, бисёр хашин ва тунд мебошад. Албатта дар баъзе мавоқеъ ин навъ равиш барои талабаҳо муфид аст, вале дар айни ҳол ҳамеша хушунат ва тундӣ равиши саҳеҳе барои баҳс ва гуфтугў нест ва ҳаргиз ба ҳадафи илми матлуб намерасонад ва ғайр аз талаф кардани вақт ва дур сохтани талабаҳо аз руҳи музокира чизи дигаре дар бар надорад. Аз ҳамаи дарсҳо ва баҳсҳое, ки ҳазрати Оятуллоҳул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) бо шогирдонашон барпо мекунанд бар асоси адаб ва эҳтироми дуҷониба миёни шогирд ва устод буда ва ҳаст гарчӣ ҳатто бисёре аз мавзуот ё баҳсҳое, ки назди он кас ба миён меояд заъиф ва бепояанд. Яке дигар аз хусусиёти ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) ин аст, ки саъй доранд ҷавоберо, ки ба шогирдонашон медиҳанд такрор кунанд, то онҳо масъалаи матраҳшударо дарк кунанд. Аммо агар суолкунанда руи назари худ исрор кунад ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) сукутро тарҷеҳ медиҳанд.
3) Тартиб
Тадрис як василае нест, ки устод барои касби пул, онро анҷом диҳад. Балки саъйи як устоди хуб меҳрубон ва дилсуз бояд бар ин бошад, ки шогирдонашро тарбият кунад ва онҳоро ба мақоми илмии воло ва пешрафти доим бирасонад. Лизо муҳаббат аз заруриёти ин кор мебошад. Гузашта аз ин ки ҳамвора ва дар ҳама ҷо одами бехаёл ва вазифаношинос мавҷуд аст, вале дар канори он, устодони мухлис, дилсуз, рауф ва фаҳмида, ки ҳадафи аслииашон адои рисолати таълиму тарбият ба наҳви аҳсан аст, мавҷуд мебошанд. Шоёни зикр аст, ки Оятуллоҳ Ҳаким (қуддиса сирруҳ) ва Оятуллоҳ Хуӣ (қуддиса сирруҳ) ҳамеша самбули ахлоқи ҳасана буданд ва ончи ки аз Отуллоҳи узмо Сиистонӣ (дома зиллуҳ) дидам ва шоҳиди он будам, ҳамон ахлоқи асотидашон мебошад. Вай ҳамеша аз шогирдонаш тақозо мекнад, ки баъд аз поёни дарс аз он кас савол кунанд. Ҳазрати Отуллоҳ Сиистонӣ ҳамеша ба шогирдонашон тавсия мекунанд, ки ба устодон ва олимон эҳтиром гузоранд ва ҳангоми савол ё баҳси ҳар мавзуе бо онҳо ниҳояти адабро риоят кунанд. Эшон мудом аз устодони худ ва руҳияи олии онон қиссаҳои фаровоне нақл мекунанд.
Баъзе аз уламои Наҷаф худро аз ҷангу мурофиа дур мекунанд, аммо иддае онро гурез аз воқеият, ё ҳарос ва заъф дар баён медонанд. Вале агар ба ин масъала аз тарафи дигаре нигоҳ кунем, хоҳем дид, ки дар воқеъ ин як амри мусбат аст, балки дар хеле ҷойҳо муҳим ва зарурӣ аст. Ҳоло агар ҳамон уламо эҳсосо кунанд, ки уммати исломӣ ё ҳавза ба иллати як руйдоди такондиҳанда ва ё ибҳоме дар баъзе аз мафоҳими исломӣ дар маърази хатар қарор гирифтааст, бидуни тардид дар саҳна хоҳанд буд, зеро онҳо хуб медонанд, ки ҳар олим дар мавқеиятҳои душвор ва ҳассос, бояд илми худро ошкор кунад. Нуктаи муҳимме, ки набояд инҷо аз ёд бурд ин аст, ки ҳамеша Отуллоҳ Сиистонӣ дар мавқеъҳои фитна ва ошўб сукутро риоят мекарданд, ҳамон тавре ки баъд аз даргузашти Оятуллоҳ Буруҷардӣ ва Оятуллоҳ Ҳаким ва ба миён омадани таассуботи шахсӣ ва рақобат барои расидан ба мансаб ва курсӣ аз тарафи баъзеҳо, ҳазрати Оятуллоҳ Сиистонӣ ҳамон сиёсати собити худро пеш гирифт ва ҳеҷ гоҳ ҳадафи худро расидан ба лаззатҳои дунявӣ, султаҷуӣ, ё мақом қарор надод.
Осори фикрӣ
Ҳазрати Оятуллоҳ Сиистонӣ танҳо як фақеҳ нестанд, балки эшон як шахсияти мутабаҳҳир, доно ва дорои як биниши боланда дар ҳавзаи иқтисодӣ ва сиёсӣ мебошанд. Эшон назароти арзишманде дар бораи идора ва ҷомеашиносӣ доранд ва ҳамвора аз авзои муосир, ки бар ҷомеаи исломӣ ҳукмрон аст, огоҳ мебошанд.
Қобили зикр аст, ки эшон дар аёдате, ки аз устодашон марҳум Оятуллоҳ Саидабдулқосими Хуӣ дар 29-рабиуссонии 1409 ҳиҷрӣ доштаанд, устодашон аз он кас хостаанд, ки ба ҷояшон дар масҷиди Хазро имоматии намози ҷамоатро ба ўҳда бигиранд, ки он кас ба ду иллат ин мавзўъро қабул нанамуданд, валекин он марҳум исрори зиёде намуда ва фармуд агар метавонистам ҳамчуноне ки марҳум Ҳоҷиоқо Ҳусейн Қумӣ ҳукм мекард шуморо маҷбур ба қабул менамудам. Аммо он кас чанд руз мўҳлат хостанд ва пас аз он дар 5-ҷумодиулаввали 1409 ҳиҷрӣ имоматро қабул намуданд. Ин кор то охирин ҷумъаи моҳи зулҳиҷҷаи соли 1414 ҳ, ки масҷиди Хазро баста шуд идома дошт. Эшон барои адои фаризаи ҳаҷ дар соли 1384ҳ ва ду бори дигар дар солҳои 1405 ва 1406 ба Маккаи муаззама мушарраф шуд.
Баъзе аз устодони ҳавзаи илмияи Наҷаф нақл кардаанд, ки иддае аз фузало ва олимон аз Оятуллоҳ Хуӣ баъд аз фавти Оятуллоҳ Саид Насруллоҳ Мустанбит, хостанд, ки шароитеро барои интихоби ҷонишине, ки дорои салоҳияти марҷаият дар ҳавзаи илмияи Наҷаф бошад, фароҳам кунад. Вай Отуллоҳ Сиистониро барои илмашон, покии маслакашон ва низ равиши устуворашон интихоб кард...
...Ибтидо намозро дар меҳроби Оятуллоҳ Хуӣ барпо кард, сипас шуруъ ба баҳс ва нигоштани таълиқот бар рисолаи Оятуллоҳ Хуӣ ва маслаки эшон пардохтанд. Баъд аз реҳлати Оятуллоҳ Хуӣ Ҳазрати Оятуллоҳ Сиистонӣ яке аз ташйеъкунандагони ҷанозаи он марҳум буданд ва намози майитро бар ў гузоштанд. Пас аз он зимоми марҷаияти ҳавзаи илмияи Наҷафро ба даст гирифтанд ва ба фиристодани иҷозот, тақсим ва пахши ҳуқуқ ва тадрис аз руи минбари Оятуллоҳ Хуӣ дар масҷиди Хазро намуданд. Ва ба ин сурат Оятуллоҳ Сиистонӣ шуҳрати зиёде дар Ироқ, кишварҳои халиҷи Форс, Ҳинд, Африка ва ғайра махсусан дар миёни қишри ҷавон пайдо кард. Ҳазрати Оятуллоҳ Сиистонӣ яке аз уламои саршинос ва барҷастаанд, ки машҳур ба аъламият ҳастанд ва ҷамъи зиёде аз аҳли илм ва устодони ҳавзаи илмияи Қум ва Наҷаф бар аъламияти эшон гувоҳӣ медиҳанд. Аз Худованди мутаол масъалат дорем, ки муслиминро аз сояи мубораки эшон маҳрум насозад.